Лоихаи Конун дар бораи авф


Субхи 29.10.2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба ифтихори 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, ба имзо расонид.Қонуни мазкур асосан нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд ва барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани онҳо мусоидат менамояд.Мувофиқи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бахшидани гуноҳҳои зиёда аз 10 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, пеш аз ҳама, занон, ноболиғон, беморон, пиронсолон, маъюбон, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум гардидаанд ва таҳти тафтишот ва баррасии судӣ қарор доранд, аз ҷазо озод карда мешаванд.Матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешавад.

Приложенные файлы

  • docx 15661513
    Размер файла: 14 kB Загрузок: 0

Добавить комментарий